Пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ, як сокини Серпухов вакили Александр Сёмин - Елена Самохинаро ба навор гирифта, дар интернет паҳн кадааст.
"Нигоҳ кунед, ин холаи педофил аст, нигоҳ кунед. Ӯ таҷовузагари духтари хурдакак ва қотилро ҳимоя мекунад. Ман дар тамоми интернет паҳн мекунам", - фарёд мекашад зан.
"Метавони паҳн кунӣ, ором шудӣ", - мегӯяд Елена дар посух.
Пештар хабар дода шуд, ки мурофиаи додгоҳии парванди куштори Ҳувайдо бо ҷанҷол анҷом ёфт. Ба гуфтаи вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо, хола ва ҳимоягари Александр Сёмин дар суд махсус ҷанҷол хезондаанд.