Ҷодугарӣ дар пойтахт: кашфи “бахткушоӣ”-и ғайриқонунӣ бо қулфу олоти гург (ВИДЕО)

Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе аз сеҳру ҷодукории Дилафзо Бобоева дар пойтахт иттилоъ доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи гузориши мақомоти умури дохилӣ, Дилафзо Бобоева, сокини 42-солаи ноҳияи Шоҳмансур ба сеҳру ҷоду машғул шуда, бо воситаҳои гуногун, аз ҷумла қулфу олоти гург “бахткушоӣ” мекардааст.

Маъмурини милиса ташхис кардаанд, ки дуоҳои Бобоева - ғалат, табобаташ – дурӯғ ва тумору таштобаш ба Қуръон мувофиқат намекунанд.

ВУД аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки фирефтаи чунин афрод нагарданд, чун аъмоли онҳо хилофи ҳам шариат ва ҳам қонунгузории Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ афзуд, ки  алайҳи Бобоева протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намудаи ҷарима таъин гардид.