Верхотуров: амалиёти низомӣ дар Бадахшон ногузир аст (САДО)

Коршиноси рус бар он аст, ки эҳтимоли сурат гирифтани амалиёти низомӣ дар Бадахшон бузург аст. Ӯ қарори раисҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани тартибот ва волоияти қонун дар минтақа саривақтӣ мехонад
Sputnik

Сиёсатшинос Дмитрий Верхотуров дар мусоҳиба ба радио Sputnik  гуфт, ки амалиёти низомӣ дар ВМКБ ногузир аст.

Ба гуфтаи вай, вазъияти кунунии минтақаро исломгароёну ҷинояткорон ва нашъаҷаллобону  мухолифони Ҳукумати кишвар тира мекунанд.

Верхотуров: амалиёти низомӣ дар Бадахшон ногузир аст (САДО)

“Бо истифода аз он, ки минтақа дурдаст  ва ҳукумат он ҷо заиф аст, онҳо (гурӯҳҳои ҷиноӣ - идора) дар вилоят пойгоҳҳои худро ташкил кардаанд ва худро роҳат ҳис мекунанд. Ин вазъият албатта раисҷумҳурро нигарон мекунад, зеро мавҷудияти чунин қувваҳои нимтерористӣ ва ниммухолифӣ оқибатҳои хатарнок доранд”, - тавзеҳ дод Верхотуров.

Сиёсатшинос қарори Раҳмонро дар мавриди талаби ҷорӣ намудани тартибот ва волоияти қонун дар минтақа саривақтӣ хонда, бар он аст, ки ҳарчӣ зудтар мабдаи хатарнокро бояд аз байн бурд. Ба гуфтаи вай, ҷинояткорӣ дар Бадахшон якҷо бо сохторҳои террористӣ афзоиш ёфтааст ва шояд ба шӯъбаҳои маҳаллии “Толибон” ва “ДОИШ” рабт дошта бошад. Барои ҳамин шояд  амалиёти низомӣ ба миён ояд.