Туркия мехоҳад ҷонибдорони ҲНИ-ро аз донишгоҳҳояш хориҷ кунад

"Барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат (ҲНИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон - идора) дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест", - гуфтааст профессор Маҳмуд Оқ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Туркия мехоҳад ҷавонони ҷонибдори ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломро аз донишгоҳҳояш ихроҷ кунад. Дар ин бора ректори донишгоҳи Истамбул дар сӯҳбат бо раиси Шӯрои улумои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст.

Тавре дафтари матбуоти Шӯрои уламо иттилоъ медиҳад, Абдулқодирзода дар ҳошияи Ҳамоиши Истамбул бо ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмуд Оқ мулоқот кардааст.

"Дар рафти мулоқот ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористӣ (наҳзат ва созмони Фатҳулоҳ Гюлен)-ро дар кишварҳои хеш маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад", - менависад манбаъ.

Ректори донишгоҳ таъкид намудааст, ки "барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест".

"Ҷиҳати пешгирии амалҳои душманони наҳзат ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Туркия пешниҳод менамоям, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории заруриро ба роҳ монда, дар сурати пайдо шудани тарафдорони наҳзат онҳоро аз тамоми донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ хориҷ намоянд", - изҳор доштааст вай.

Ёдрас мешавем, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ"  дар Туркия иштирок ва суханронӣ кард аз торихи ташкилёбии ҲНИ дар Тоҷикистон ва ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим гуфтааст.