Шарҳи қазияи Бидур: нофармонии мастҳо ва кашолакунии милиса болои “капот” (ВИДЕО)

Мақомоти Тоҷикистон тариқи телевизиони маҳаллии Бадахшон қазияи шоми 15 октябр дар дидбонгоҳи БДА, дар мавзеи Бидури ноҳияи Шуғнонро шарҳ доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи гузориши мақомот, шоми 15 октябр, зимни санҷиши автомашинаи тамғаи “ВАЗ 21 10”, таҳти идораи Бодуров Навоӣ, сокини 31-солаи шаҳри Хоруғ, ҳолати нофармонӣ рух дод.

Қарори Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҷашни бузург дар Хоруғ

Ба гузориши мақомот, мошини мазкур рақами транзитии қалбакӣ дошта, ронандаи он талош кардааст, аз ҷои ҳодиса фирор кунад. Дар навор аз ҷои ҳодиса, ки тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд, як корманди милиса барои ҷилавгирӣ аз фирор, аз пеши мошин омадааст.

Мақомот мегӯянд, ронанда корманди милисаро болои қисмати пеши мошинаш то 300 метр бурдааст.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи боздошти мошин ронанда ва 4 мусофири дигари он, ки дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд, бо кормандони милиса муноқиша карда, онҳоро латукӯб намудаанд.

Тибқи гузориш, феълан муттаҳамон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот алайҳи онҳо идома дорад.

Мақомот аз ронандагон дархост кардаанд, ки ҳангоми санҷиш ба кормандони БДА итоат кунанд ва таъкид намудаанд, ки дар сурати саркашӣ, кормандони милиса ҳуқуқ доранд, силоҳи оташфишонро истифода намоянд.