"IRS" аз вазъи мушкили ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хабар медиҳад

Дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ боридани барф идома дорад, кормандони ширкат "IRS" барои ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт чораҳои зарурӣ меандешанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ширкати "IRS" аз вазъи мушкили ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хабар медиҳад.

Ба гузори дафтари матбуоти, боришоти барф  дар қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳ аз 8 октябри соли равон шурӯъ гардида аст, алҳол идома дорад.

Барф, меғ ва ҳавои сард: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон (АКС)

Бо дарназардошти ҳолати мавҷуда, кормандони филиали ширкати саҳомии “IRS” дар Тоҷикистон барои таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт  дар ин  роҳ чораҳои зарурӣ меандешанд.

"Имрӯз аз километри 10 то 47 боришоти борон, аз 47 то 86 боришоти барф идома дорад. Аз километри 165 то 368 борон ва барф бо таваққуфи кутоҳмуддат борида истодааст", - омадааст дар гузориш. 

Ширкат "IRS" таъкид намудааст, ки дар баъзе қитъаҳои роҳ баландии барф 25 - 30 сантиметрро ташкил медиҳад.

Кормандони намояндагиҳои филиали Ширкат таври мунтазам ва густурда роҳро бо маводи зиддилагжиш коркард карда, тозакунии роҳ бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор босуръат ҷараён дорад. 

Сел дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

Айни замон роҳ баста нест ва ҳаракати  воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати "IRS"  таъкид намудааст, ки басташавии роҳи Душанбе-Чаноқ дар аксари вақт ба далели беаҳмияти ва бемасулиятии ронандаҳо сурат мегирад.   

“Дар аксар маврид маҳз аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ, эҷод шудани мушкилӣ барои фаъолияти техникаву механизмҳои махсуси Ширкат мешавад”, - гуфтааст дафтари матбуоти ширкат.