ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Коллеҷи политехникии шаҳри Керчи Қрим дар пайи инфиҷор 10 тан кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.
Бино бар иттилои манобеъ, ҳодиса имрӯз, 17 октябр рух додааст.
Дар пайи таркиш дар ошхонаи коллеҷ 10 тан кушта ва чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, чанд ашхоси мусаллаҳ ба бинои муассиса ворид шуда, ба ҷониби донишҷӯён тир кушодаанд.
Пас аз ин таркиш рух додааст. Гуфта мешавад, шумораи маҷрӯҳон ба 50 нафар расида, дар ҳоли афзоиш аст.
Гӯрӯҳе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Русия ин ҳодисаро ҳамлаи терористӣ мегӯянд.