Дар Душанбе барои камбизоатон ва модарони танҳо маркази кӯмакрасонӣ ташкил шуд

Ба маркази имдодрасонӣ камбизоатон, модарони танҳо ва пиронсолони танҳо метавонанд муроҷиат кунанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Душанбе дар назди калисои проваславии рус  маркази имдодрасонӣ ё анбори гуманитарӣ ташкил шуд.

Анбори гуманитарӣ дар Душанбе аз 14 октябр ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Лоиҳаро калисои проваслави Русия амалӣ мекунад.

Ба маркази имдодрасонӣ камбизоатон, модарони танҳо ва пиронсолони танҳо метавонанд муроҷиат кунанд.

Аллакай марказ ба муроҷиаткунандагон ғизо, сару либос ва айнаву собун тақсим кардааст.