Барф, меғ ва ҳавои сард: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон (АКС)

Имрӯз дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон ва ба барфи тар табдил ёфтани он пешгӯӣ мешавад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, боридани борон ва барфи тар дар назар аст.  Инчунин 18 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво   ноустувор   шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ   ҳарорат аз 10 то 17 дараҷа   паст мешавад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ "Ховар" иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон ва ба барфи тар табдил ёфтани он пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борони ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борон   дар назар дошта шуда,  он ба барф табдил меёбад. Дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд низ борон ва барфи тар пешгӯӣ шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  дараҷа ва рӯзона  +5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   борону барф борида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  5+10 ва дар шарқи ин вилоят шабона -8-13 ва рӯзона -2+3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  боридани борон дар назар дошта шуда,  дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ба барфи тар табдил меёбад. Ҳарорат дар водиҳо шабона  2+7  ва рӯзона 10+15   дараҷа гарм мешавад.

Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз боридани барф дар ноҳияҳои худ хабар додаанд.

Дар ТоҷикистонҲамаи хабарҳо