ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 844,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,9 млн. сомонӣ, ё 13 дар сад зиёд будааст.
Дар ин бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 11 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 146,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷӣ содирот шуда, ҳаҷми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 17,6 млн. сомонӣ ё 13,6 фоиз зиёд шудааст.
Инчунин, 45 корхонаҳои хурду калони шаҳр маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 233,7млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 33,1 млн. сомонӣ, ё 16,5 дарсад зиёд мебошад.