ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳои миллӣ “Саҳна-бидуни сарҳад” театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ба шаҳри Владикавкази Русия меравад.
Ба иттилои манбаъ, аз 20 то 27 ноябри соли равон дар шаҳри Владикавкази Русия, Фестивали байналмилалии театрҳои миллӣ “Саҳна-бидуни сарҳад” баргузор мегардад
Тоҷикистонро дар ин фестивали мазкур Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов бо намоиши “Шабе дур аз Ватан” муаррифӣ менамояд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки намоиши мазкур аз зиндагии шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир нақл намуда, онро коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст.
Дар намоиш ҳунарпешагони театр Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақш меофаранд.
Лозим ба ёдоварист, ки намоиши “Шабе дур аз Ватан” ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011» буда, дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия санъати театрии тоҷикро муаррифӣ кардааст.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қайд намудааст, ки намоиши “Шабе дур аз Ватан” соли гузашта низ дар шаҳри Владикавкази Русия сазовори баҳои баланд шуда буд.