Бархӯрди маргбори мошин бо қатор дар Ваҳдат

Железнодорожный знак, архивное фото
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори мошини “Опел-Вектра” бо қатор иттилоъ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ба иттилои манбаъ ҳодиса 13 октябри соли 2018, тахминан соати 07:30 рух додааст.

Лаҳзаи афтидани Фахриддин Собиров, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз дурбини Шаҳри бехатар
Даргузашти Собиров ва шарҳи ВКД: ҳамла набуд, ӯ афтидааст (ВИДЕО)

“Ятимов Ғафур Мусоевич, ронандаи 31-солаи “Опел-Вектра”, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи оҳани байни истгоҳи Роҳатӣ-Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба теплавози тамғаи “ТЭЗЗА”, таҳти идораи ронанда, Маҳмудов Баҳром Бурҳонович, соли таваллудаш 1973 ва ёрдамчии машинист Ибрагимов Карим Мадамонович, соли таваллудаш 1974, сокинони шаҳри Душанбе бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, ронандаи “Опел-Вектра” Ятимов Ғафур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.