Афзоиши содироти молу маҳсулоти Суғд ба хориҷ аз кишвар

Вилояти Суғд ба кишварҳои дуру наздик ба беш аз 410 млн. доллар маҳсулот содир намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik.    Дар нуҳ моҳи сипаришудаи соли равон гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд  1495,5 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 дарсад ё 20,5 млн. доллар зиёд мебошад, иттилоъ додааст дафтаи матбуоти ҳукумати вилояти Суғд. 

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир вилояти Суғд бо 56 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла бо 11 кишвари узви ИДМ ва бо 45 давлатҳои хориҷи дур муносиботи тиҷоратӣ дорад. 

“Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи кишварҳои ИДМ 77,9 дарсад ё 1164,4  млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 22,1 фоиз ё 331,1 млн. доллар рост меояд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Додугирифти Суғд бо 53 кишвар: Содирот афзоиш ёфтаст

Дар ин давра содироти мол 410,4 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2017-ум 18,6 дарсад ё 64,4 млн. доллар зиёд мебошад. 

Тибқи маълумоти манбаъ содироти нахи пахта 4,7 баробар ё 30,5 млн. доллар, семент 2,0 баробар ё 7,9 млн. доллар, содироти маҳсулоти маъданӣ 9,0 фоиз ё 24,6 млн. доллар  зиёд шудааст.

Воридоти мол ба вилоят 1085,1 млн. долларро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 дарсад ё 43,9 млн. доллар кам шудааст.