Даргузашти Собиров ва шарҳи ВКД: ҳамла набуд, ӯ афтидааст (ВИДЕО)

Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамла ва латукӯби Фахриддин Собиров, сардори Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро рад карда, ҳодисаро шарҳ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, бо истифода аз дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян гардид, ки санаи 13 октябри соли ҷорӣ, соати 11:02, шаҳрванд Собиров Фахриддин Улмасович, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ, дар канори роҳи мошингузар, назди бинои 37 қарор доштанаш, дар пайи баланд гардидани фишор ногаҳон ба замин афтида, дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст.

 

Ба сухангӯи Хадамоти гумрук дар шаҳри Душанбе ягон хел ҳамла сурат нагирифтааст! from Sadriddin 2017 on Vimeo.

“Тавре аз наворҳои тафтишотӣ бармеояд, сипас шоҳидони ҳодиса бо мақсади кӯмак намудан ба нафари дар заминафтода дарҳол ба назди ӯ омада, ҷиҳати дастрас намудан ба Беморхона автомашинаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро давъат менамоянд. Дар натиҷа баъди чанд лаҳза табибони Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”  ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, шаҳрванд Собировро ба Беморхона дастрас мекунанд. Аз рӯи маълумоти духтурони бригадаи «Ёрии таъҷилӣ», ки ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида буданд, бармеояд, ки дар вақти муоинаи аввалини тиббӣ муайян карда шудааст, ки фишори шаҳрванд Собиров Фахриддин ҳанӯз дар вақти рух додани ҳодиса аз 220 дараҷа боло мебошад, ки ин омил сабабгори асосии беҳуш гардидан ва ба замин афтидани Собиров шудааст”, - омадааст дар шарҳи ВУД.

Қаблан наздикони Собиров аз латукӯби шадиди ӯ хабар дода, изҳор доштанд, ки ӯ дар ҳолати беҳушӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ба иттилои дӯстони наздики Собиров, ӯ имрӯз дар пайи ҷароҳати бардоштааш аз қисмати сар дар беморхона ҷон дод.