Меъмори №1: сохтмони 11 261 иншооту васеъсозии Душанбе дар назар аст

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, мегӯяд, дар кишвар то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 11 ҳазору 261 иншоот дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Аҳмадзода дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки бунёди иншооти мазкур дар доираи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Се сол муҳлат: амри раисиҷумҳур барои бунёди ҳаммом, кошонаи ҳусну майдонча дар деҳот(АКС)

“Кумита вобаста ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои намунавии бинои маркази саломатӣ бо таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо дар ин самт шахсони масъул вазифадор гардидаанд”, - иттилоъ додааст Аҳмадзода.

Ӯ афзудааст, ки татбиқи нақшаи генералии Душанбе низ идома дошта, васеъ намудани қаламрави пойтахт аз ҳисоби заминҳои навоҳии атроф амалӣ шуда истодааст.

“Айни замон масъалаи воридшавии қитъаҳои замин аз ҳисоби марҳилаҳои якум ва дуюми амалисозии нақшаи зикршуда дар масоҳати 7 ҳазору 476 гектар аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дорад”, - иттилоъ додааст Аҳмадзода.

Вай таъкид намудааст, ки  услуби якҷояи Ғарб ва Шарқ ё авруосиёӣ,  ки дар сохтмони иншоот истифода мешавад, шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал мегардонад.