ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Чин Ли Кетсян дар Душанбе ба сохтмони бинои парлумон санги асос гузоштанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, сохтмони биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.
"Дар маросими гузоштани санги асос ҳумчунин раиси Маҷлиси намояндагони Шукурҷон Зуҳуров,нахуствазири кившар Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Раҳмон Озода Эмомалӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок доштагд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Бинои парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бино 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.
Дар ошёнаҳои бинои парлумон толори маҷлисҳои якҷоя, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои парлумон истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад.