Путин вуруди кадом шаҳрвандони хориҷиро ба Русия мамнӯъ кард?

Раисҷумҳури Русия бо тасвиби як тарҳи қонун вуруди шаҳрвандони хориҷии бо гурӯҳҳои террористӣ иртиботдоштаро мамнӯъ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро ба тасвиб расонид, ки мувофиқи он вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки ба фаъолияти созмонҳои террористиву ифротгароӣ иртибот доранд, ба Русия мамнӯъ мешавад.

Мувофиқи қонунгузории нав, шаҳрванди хориҷӣ ва ё ашхоси бидуни тобеият дар ҳолати узвият ба созмоне, ки дар Русия мамнӯъ эълом шудааст, ҳуқуқи вуруд шудан ба кишварро надоранд.

Ҳамчунин ба Русия шаҳварвандоне наметавонанд ворид шаванд, ки маблағҳояшон аз ҷониби ташкилотҳои пулии кившар боздошт шудааст.

Дар қарор гуфта мешавад, ки барои шаҳвандоне, ки додгоҳ амалиёти пулӣ ва ё моли онҳоро мамнӯъ кардааст, дарҳои Русия баста мешавад.