ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Дар ноҳияи Ҳисор аз маркази букмекерии "Рахш"-ро ғорат кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВУД хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муроҷиат намудааст, ки санаи 9-уми августи соли 2018, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба маркази букмекериаш даромада, амволашро дуздиааст.
"Ҳамин тавр аз ҷойи ҳодиса 80-сомонӣ, 2-адад телевизори тамғаи “Никура” ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галакси”, ки арзиши он 6680-сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.