ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Дар ноҳияи Деваштиҷ марде ба иттиҳоми ба худкушӣ расидани ҳамсар дастгир шуд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.
Марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштиҷро кормандони милиса аъди ҳодисаи рухдод дар натиҷаи корҳои бозҷӯӣ дастгир кардаанд.
"Гумонбара, мунтазам нисбати оилааш марҳум, зани 29-сола, ҳаракатҳои бераҳмона намуда, шаъну шарафашро паст мезадааст, ки ин сабаби даст ба худкушӣ задани ӯ гаштааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Нисбати мард бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.