ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз дидор бо раиси Ҳукумати Русия Дмитрий Медведев намояндагони расонаҳоро самимона меҳмондорӣ кардааст.
Рӯзноманигороне, ки аз Русия барои инъикоси нишасти сарони Ҳукуматҳои узви СҲШ ба Тоҷикистон сарфар карда буданд, аз меҳрубонии раисҷумҳури Тоҷикистон ба ваҷд омадаанд.
То баргузор шудани нишаст, сарвари Тоҷикстон бо раисони Ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ мулоқот карда буд.
Дар он рӯзноманигорон низ ҳузур доштаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мулоқот бо раиси Ҳукумати Русия пештар омадааст. Президент то расидани ҳамтои русаш бо рӯзноманигорон дар бораи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон сӯҳбати гарму самимие оростааст.
"Ба Шумо мева доданд", - пурсидааст бо лутф раисҷумҳур аз рӯзноманигорон.
Ба он нигоҳ накарда, ки намояндагони расонаҳои Русия аз ҷониби роҳбарияти Тоҷикистон "тӯҳфаи шаҳдбор" гирифта буданд, раисҷумҳури меҳмоннавози Тоҷикистон истодагарӣ кардааст, ки "Шумо, ҳатман бояд мева гиред".
"Суратҷаласаи ман куҷост?", - раисҷумҳур зертобеони худро ҷустуҷӯ кардааст, то ба онҳо супориши меҳмоннавозӣ диҳад.
Эътирозҳои боадабонаи рӯзноманигорон, ки ба онҳо мева додаанд, суде наовардааст. Раисҷумҳури пурсаховати Тоҷикистон ба ҳар як рӯзноманигори рус меваҳои хуштаъм ҳадя кардааст.