Натиҷаи амалиёти “Тартибот” дар ВМКБ: 766 930 сомонӣ ба буҷа ворид шуд

Бахтиёр Вайсзода, сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, зимни амалиёти “Тартибот” аз 16 сентябр то 5 октябр 1 ҳазору 800 қоидавайронкуниро ошкор карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вайсзода ба  хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки айни замон рафту омади нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ба низоми муайян даромада, ҳаракати нақлиёт муътадил мебошад.

Тибқи иттилои БДА  аз 16 сентябр  то  ба имрўз  нозирони роҳ 25  мошини сиёҳшиша ва хиракардаи ғайриқонуниро боздошт карданд.

"Дар се рӯз силоҳҳоро супоред": муроҷиати Ситоди таъмини амният дар ВМКБ

Инчунин 90 ронанда  барои гирифтани  иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои мошин муроҷиат намудаанд, ки аз ин ҳисоб 235 ҳазору 700 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардид.

Инчунин нисбат ба 212 ронанда барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима дар ҳаҷми умумии 106 ҳазору 600 сомонӣ татбиқ шудааст.

Манбаъ афзуд, ки тайи рӯзҳои охир  400 нафар мошинҳои худро аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ  гузаронида,маблағи умумии 152 ҳазору 768 сомониро пардохт намудаанд. Ба  85 воситаи нақлиёт рақами қайди давлатии намунаи нав дода шуд.

Кумитаи амният: аз вонамуди саркардаҳои ҷиноии ВМКБ то задухӯрд дар Поршнев (ВИДЕО)

Инчунин “Ховар” аз қавли БДА иттилоъ додааст, ки дар як моҳи охир ба ин 200 нафар сохиби шаҳодатномаи нави ронандагӣ гардиданд, ки маблағи умумии он 57 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзудааст, ки дар натиҷаи корҳои пурсамари нозирони БДА аз 16 сентябр то 5 октябри соли 2018, дар маҷмӯъ 766   ҳазору 930 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гардидааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалиёти «Тартибот»  дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ ҳамарӯза дар чор самт идома дошта, чунин  вазъ дар  маркази дигар навоҳии вилоят низ ҷараён дорад.