Имзои 11 созишнома миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Узбакистон ва Корея

Форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Узбакистон ва Корея барои ҷалби соҳибкорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманд миёни се кишвар мусоидат хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе рӯзи 10 октябри соли равон  Форуми сеҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон, Узбакистон ва Корея баргузор гардид, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Бино бар маълумоти манбаъ, форуми соҳибкоронро намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, инчунин Вазири савдои берунаи Узбакистон  Хоҷаев Ҷамшед ва Ваколатдори корҳои Корея дар Тоҷикистон Ли Вучёл ифтитоҳ намуданд. 

СБА интизороташро аз иқтисоди Тоҷикистону Узбакистон тағйир надод

Манбаъ таъкид намуд, ки дар форуми мазкур намояндагони беш аз 200 ширкату корхонаҳои Тоҷикистону Узбакистон ва Корея дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, ширкат намуданд.

Инчунин дар форуми мазкур Сафири Тоҷикистон дар Корея, роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик”, КВД “Тоҷинвест”, Палатаи савдо ва саноат ва дигар корхонаҳои давлатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Узбакистон, Раиси ширкати “Evergreen Motors” - Ким Чанг Кеон, Раиси Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Корея, раиси ширкати “Shindong Resources” - Ким Ёнг Гу ва Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Хвасонги Корея - Пак Сунг Квэнаниз иштирок намуданд. 

Зуҳуров аз Корея бурсияҳои бештар барои таҳсили тоҷикистониҳо хост

Пас аз маросими ифтитоҳ вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон, Узбакистон ва Корея дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии тарафҳо Баргузор шуд.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар анҷоми форуми мазкур маҷмуан 11 санади ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба маблағи 32,5 млн доллар ба имзо расонида шуд.

Дар доираи форуми мазкур соҳибкорону сармоягузорон ба корхонаи воҳиди давлатии “Алюминии Тоҷик”, ҶСК “Ноқили Талко”, хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода ва корхонаҳои соҳаи нассоҷи рафта, ба раванди фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Дар ахири форум тарафҳо ба хулоса омаданд, ки мунтазам чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро баргузор менамоянд.