Эътирози Ҳошим Гадо: муроҷиат ба мансабдорон аз Шамсиддин Орумбекзода то Рустам Эмомалӣ

Ҳунарманди номии тоҷик Ҳошим Гадо аз мушкилиҳои худ ва сабабҳои китобфурӯшиаш дар кӯчаҳои Душанбе нақл кардааст. Ҳунарманд аз беэътиноии масъулин ба муроҷиатҳои вай нигарон шуда, афзудааст, мақсад аз китобфурӯшӣ танҳо мунташир кардани матлабҳои тозаест, ки навиштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Хабари корбарони Фейсбук аз китобфурӯшии ҳунарманди номии тоҷик Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Пас аз мунташир шудани матлаби Sputnik Тоҷикистон ва баҳсҳои зиёд чанде аз фаълони иҷтимоӣ ба дидорбинии ҳунарманд рафтанд ва аз китобҳои ӯ харидорӣ намуданд.  Ба  идораи Sputnik Тоҷикистон низ чанде дар ин бора мактуб навиштанд, ки дар ин бора дертар батафсил нақл хоҳем кард.

Эътирози Ҳошим Гадо

Рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо чанде пеш аз аҳволи ҳунарманди Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо  хабар гирифта,  дар гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" матлабе бо номи "Мо бояд шарм кунем, на Ҳошим Гадо" навишта, гуфтааст, ки "Китобфурӯшии Ҳошим Гадо эътироз аст".

Вай афзудааст, аҳволи манзил ва нақлҳои ҳунарманд ӯро сахт нигарон кард.

"Ҳошим Гадо маро ба хонаи худ таклиф кард. Бори аввал аст, ки ба хонааш меҳмон мешавам. Хаёл кардам, ки меравам қасри боҳашаматеро хоҳам дид. Аммо ҳолати ҳузновари ин хона маро ба даҳшат овард. Нақле, ки Ҳошим Гадо бароямон мекард, фоҷиаеро мемонд. Ӯ на барои ҷамъ овардани сарвату мол ба китобнависиву китобфурӯшӣ машғул аст", - менависад рӯзноманигор.

Ҳошим Гадо садақаро қабул намекунад: Раҷаби Мирзо роҳи кӯмак ба ҳунармандро гуфт

Тавре рӯзноманигор тавзеҳ медиҳад, "Ҳошим Гадо  барои фурӯхтани китобҳояш ба пеши киҳое нарафтааст, то онҳоро фурӯшаду китобҳои дигари худро, ки то 200 ҷилдаш омодааст, ба нашр расонад".

Ба гуфтаи Раҷаб Мирзо, ҳунарманд барои амалӣ кардани ҳамин мақсадаш, назди чанде аз масъулин аз вазирон то кормандони театру саҳна рафтааст, аммо касе ӯро дастгирӣ накардааст.

"Тасаввур намоед, ки агар бо Ҳунарпешаи халқии СССР, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ онҳо 3 нафар боқӣ мондаанд ва дар бахши театру кино Ҳошим Гадо ягона аст, чунин муносибат доранд, бо дигарон чӣ хоҳанд кард?", - изҳори нигаронӣ мекунад вай.

"Китобфурӯшии ӯ эътироз аст. Эътирозе, ки масъуле онро нафаҳмид, илло аз мардуми одӣ!", - менависад ӯ.

60 сол дар саҳна ва 700 сомонӣ нафақа

Ба гуфтаи рӯзноманигор, ҳунарманд ҳудуди 700 сомонӣ нафақа мегирад ва борҳо назди масъулин рафта, хоҳиш намудааст, ки ҳаққашро бештар кунанд, аммо посухе нагирифтааст.

Намояндаи Путин ба Ҳошим Гадо: "фаъолияти Шумо сазовори таҳсин аст"

"Ба пеши масъулини зиёд бо оби чашм рафтам. Мушкиламро касе ҳал накард, ҳатто шуниданам нахостанд ва пешам карданд, ё тавре муносибат карданд, ки ба пешашон рафтанро ба худ эб намебинӣ. Ман охир пеши онҳо барои талбидан намеравам, ҳаққи худро мехоҳам бигирам. Тасаввур намоед: 60 сол дар саҳна будам", - гуфтааст Ҳошим Гадо.

Эътирозро бишнавед

Дар анҷоми матлаб рӯзноманигор ба масъулини кишвар, аз ҷумла раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ва чанде аз дигар масъулини соҳаи театр ва кинои Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш кардааст, ки эътирози Ҳошим Гадоро сарфиназар накунанд.

Пештар корбарони Фейсбук аз китобфурӯшии Ҳошим Гадо дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе изҳори нигаронӣ карда, роҳи кӯмак ба ҳунарманди маъруфи кишварро ба миён гузоштанд.

Ҳошим Гадо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аст. Ӯ ҳамчун Сӯҳроби синомаи тоҷик дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур аст.

Ёдрас мешавем, соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳошим Гадо дар рӯзи зодрӯзаш унвони фахрии "Арбоби ҳунари Тоҷикистон"-ро низ тақдим карда буд.