Бо дастури Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сир "фитнес"-и ройгон месозанд

Раиси вилоят аз вазъи тозагии соҳили чапи дарёи Сир дар Хуҷанд ошно шуда, ба масъулин барои тоза нигоҳ доштани соҳилҳои дарё супоришҳо додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур додааст, ки дар ду соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд дастгоҳҳои муосири машқу тамрин насб карда шавад.

Бино бар иттилои манбаъ, Аҳмадзода 11 октябр  аз вазъи тозагии соҳили чапи дарё шинос шуда, масъулинро вазифадор кардааст, ки соҳилҳои дарё тоза нигоҳ дошта шаванд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар ду канори дарё барои сайру истироҳати шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ роҳравҳо бунёд ва дар он дастгоҳҳои муосири машқу тамрин насб карда шавад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Матбуоти вилоят меафзояд, дар соҳили чапи Сир як шиногоҳи дигар низ ташкил карда хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки дар Хуҷанд  ду тарафи дарёро ба воситаи ҳашари умумӣ аз партовҳо тоза кунанд.