Муаллима гуфтааст, ба ивази 10400 сомонӣ якбора ба курси дуюм дохил мекунад

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз қаллобии корманди соҳаи маориф ҷилавгирӣ кардааст, ки ба ивази пора хостааст, довталабро бидуни хондани курси аввал ба курси дуюм қабул кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Сайёҳат Раҳматова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №67-и ноҳияи Вахш, бо маслиҳати пешакӣ бо яке аз кормандони коллеҷи омӯзгории вилояти Хатлон хостааст, ба ивази пора довталабро якбора ба курси дуюми коллеҷи мазкур дохил намояд.

Манбаъ мегӯяд, Раҳматова барои ин амал 10 ҳазору 400 сомонӣ талаб кардааст ва ҳангоми гирифтани маблағи мазкур боздошт гардид.

Ожонси мубориза бо фасод афзуд, ки алайҳи муаллима бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.