Макон ва рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон дар пойтахт маълум шуд

Ҷашни Меҳргон дар Душанбе бо баргузории барномаҳои фарҳангиву консертӣ ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таҷлил мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 13 октябри соли равон  дар Боғи навбунёди фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки оғози таҷлили ҷашни меҳргон соати 09:00 пешбинӣ шудааст.

Манбаъ, таъкид намудааст, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд, ки дар он рӯз аз баргузории барномаҳои фарҳангӣ бо устодони санъати тоҷик ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии тамоми вилоятҳои кишвар баҳравар гарданд.

Қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тасвиб расид

Ёдрас мешавем, ки 10 октябри соли равон нусхаи қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомали дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон мунташир шуда буд.

Қарори раиси шаҳр таҳти рақами 670 дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон дар Душанбе буда, дар он гуфта мешавад, "нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Душанбе  дар бораи омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон тасдиқ карда шавад".

Ҳамчунин масъулини шаҳр - муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки иҷрои саривақтии чорабиниҳои ҷашнро таъмин намоянд.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор, бахусус тоҷикон аст, ки камобеш 4 ҳазор сол торих дорад. "Меҳргон"-ро бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 расман дар саросари кишвар ҷашн мегиранд.

Дар Душанбе соли гузашта  15 октябр, ҷашни Меҳргонро бо баргузор кардани барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил карданд.