Кордзании бародарон дар Хуҷанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар кордзанӣ ба шиками бародараш муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшуда дар қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам мешавад.

“Муттаҳам, рӯзи 9-уми октябри соли 2018, тахминан соати 19:00 дар хонаи истиқоматиаш бо бародари калонӣ,  марди 40-сола, ҷанҷол намуда, бо корд се бор ба шиками ӯ зарба задааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.