Ҳалокати аъзои оилаи Ахмедовҳо дар садама бо айби ронандаи мошини муқобил

Дар пайи як садама дар шаҳри Бохтар бародарон Ахмедовҳо ба ҳалокат расида, узви ноболиғи дигари ин хонавода маҷруҳ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, садамаи мазкур тақрибан соати 12 : 30-и 10 октябр бо айби ронандаи мошини самти муқобил рух додааст, ки аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Ба иттилои манбаъ, Ёқубҷон Мирахмедов, ронандаи 61-солаи мошини  “Даймлер-Крайслер”, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти бозори  “Ҳоҷӣ Шариф” дар ҳудуди маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба “Опел-Вектра”, таҳти идораи Ахмедов Умар Ҳамидович, соли таваллудаш 1960, сокини маҳаллаи Зарбдор, бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, ронандаи “Опел-Вектра” Ахмедов ва мусофири автомашинаи мазкур Ахмедов Қамариддин Ҳамидович, соли таваллудаш 1970, сокини маҳаллаи Зарбдор, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Мусофири дигари он ноболиғ, Ахмедов Абдулло Қамариддинович, соли таваллудаш 2003, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД таъкид намудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.