Роҳзанӣ бо тирпаронӣ дар Душанбе: ниқобпӯшон роҳи “Тойота”-ро гирифта, ғорат кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ се нафар - Орипов Саъдӣ, Ашуров Рустам ва Содиқов Қутбидинро дар роҳзании мусаллаҳона ва ғорати миллионҳо маблағ дар Душанбе гунаҳкор донист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 10 октябр бо нашри як иттилоия гуфт, номбурдагон дар он гунаҳкор дониста шуданд, ки 11 июни соли 2012,  соати 07-30 дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Амиршоев, хонаи №21 ба сарашон ниқоб пӯшида,  бо мошини худ, пеши роҳи “Тойота королла”-ро, ки шаҳрвандон Файзуллоев ва Саидов дар он савор будаанд, банд намудаанд.

Ҳалокати аъзои оилаи Ахмедовҳо дар садама бо айби ронандаи мошини муқобил

“Баъдан, аз автомашина фаромада, бо таппончаи тамғаи “Макаров” ба нишастгоҳи ронанда як тир паронда, дари қафои автомашинаи мазкурро кушода, аз онҷо як адад сумкаи варзиширо, ки дар дохилаш 1 миллиону 911 ҳазору 360 рубли русӣ ва 326 ҳазору 666 сомонӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Додситонӣ мегӯяд, баъди 6 соли рух додани ин ҷиноят ахиран Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гунаҳкорони он - Ашуров ва Содиқовро ба муҳлати 13 сол ва Ориповро барои 15 сол равонаи зиндон кард.