Зуҳуров ба вазир: мо маълумотро аз планшет мегирем, аммо китоб беҳтар

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори беҳбуди фаъолияти китобхонаҳо дар навоҳии кишвар шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Зуҳуров дар пайи ҷонибдории Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба қонун "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" аз Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон беҳбуди фаъолияти китобхонаҳоро тақозо кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори беҳтар кардани шароити китобхонаҳо ва ҷой додани китобҳои лозима дар онҳо шуд.

Вазири фарҳанг: дар ҷомеаи навини тоҷикон китобу китобхонӣ мавқеашро гум накардааст

“Дар яке аз ноҳияҳои калон ахиран будам, ки ҳамагӣ 3 китобхона дорад. Яке дар маркази ноҳия дуи дигар китобхонаҳои назди мактабҳо буданд. Дар ҳоле ки ин ноҳия бештар аз 10-11 ҷамоат дорад”, - изҳор дошт Зуҳуров.

Ӯ дар хитоб ба вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид намуд, ки мо тамоми маълумотро аз планшет мегирем, вале китоб беҳтару муҳим аст.

“Чунки тавассути интернет  таблиғи гуногун мешавад. Китоб ин гуна хусусиятро надорад”, - тавзеҳ дод раиси Маҷлиси намояндагон.

Ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз баргузор гардид, ки зимни он лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла тағйирот ба қонун "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" қабул гардид.