Сангрезиш ва барф дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ резиши барф ва санг ба назар мерасад. Дар ҳолати бадтар шудани шароити ҳаво эҳтимоли қатъ гардидани ҳаракат дар роҳ ба миён меояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Сангрезиш ва бориши барф дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, ки пойтахти кишварро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, ҳаракати нақлиётро мушкил гардонидааст.

"Дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ сангрезиш ба назар мерасад. Дар ҳолати бадтар шудани шароити ҳаво, ҳаракат дар роҳ катъ карда мешавад", - хабар медиҳад ТоҷикТА.

Рӯзи гузашта дар шароити бади ҳаво кормандони ширкати IRS роҳҳоро аз санг тоза кардаанд.

Ёдрас мешавем, рӯзҳои ахир ҳаво дар  Тоҷикистон якбора сард шуд. Дар баландиҳо  барф борида, дар минтақаҳои дигар боридани борон ва поён шудани дараҷаи ҳаво дар назар аст.