Ҷанҷол барои духтар: ҷавони тоҷикро корд заданду аз ошёнаи 4 партофтанд

Кумитаи тафтишотии вилояти Калуга аз боздошти ду муттаҳам дар қатли ҷавони 23-солаи тоҷик дар Обнинск хабар дод, ки дар заминаи ҷанҷол барои духтар рух додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тибқи иттилои тафтишот 5 октябр, марҳум ва яке аз муттҳамон, сокини маҳаллии 24-сола дар манзили истиқоматии як духтар майнӯшӣ кардаанд.

Ҷанҷол дар беморхона: ҳамшираи шафқатро дар Душанбе бо қайчӣ задаанд

Дар ин миён муттаҳам бо ҷавони тоҷик, бо баҳонаи он, ки гӯиё ӯ бо духтар муносибати густохона кардааст, вориди муноқиша мешавад. Бар асоси тафтишоти пешакӣ, муттаҳам дар пайи латукӯб, марҳумро буғӣ карда, бо корд ба ронаш зарба задааст.

“Сипас ҷавони маҳаллии 23-сола ба ҷои ҳодиса омадааст ва онҳо якҷоя ҷавони тоҷикро, ки ҳанӯз зинда будааст, аз тирезаи ошёнаи чорум партофтаанд”, - иттилоъ додаанд расонаҳои маҳаллӣ аз қавли муфаттишон.

Ҷасади шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон 6 октябр дар назди хонаҳои истиқоматии бисёрошёна пайдо шудааст.

Кумитаи тафтишотии вилояти Калуга изҳор доштааст, ки далелҳои шайъӣ мусодира шуда, муттаҳамон дар боздошт мебошанд. Бозпурсии шоҳидон, ташхис ва таҳқиқот феълан идома дорад, изҳор доштааст манбаъ.