Даргузашти шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ

Шоири мардумии Тоҷикистон дар синни 72-солагӣ даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ имрӯз, 10 октябр дар зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар синни 72-солагӣ даргузашт.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ 20 сентябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст.

Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин буда, ду сол дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро чун омӯзгор оғоз бахшида, баъдан дар Кумитаи садо ва симои вилоят ва ҳафтаномаи "Маданияти Тоҷикистон" ба ҳайси мухбир фаъолият бурдааст. Чанде ходими Маркази тарғиби адабиёт, солҳои 1989-1994 котиби масъули шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Аз соли 1994 раиси Иттиҳодияи адибони ҷавони вилояти Суғд мебошад. Барои китоби шеърҳои "Аз ҳама дур" сазовори Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ гаштааст.

  Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.