ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсӣ, Баротов аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аз майи соли 2012 то инҷониб дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс фаъолият карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ қаллобӣ кардааст.
Манбаъ мегӯяд, моҳи марти соли 2011 шаҳрвандон Сангаков Фозилбек Додарбекович ва Сангаков Ғолибшо Додарҷонович барои ҳуҷҷатгузории замини наздиҳавлигиашон ба Баротов муроҷиат кардаанд.
“Баротов тайи солҳои 2011-2018 бо Сангаковҳо дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритӯс вохӯрда, аз онҳо бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ ва додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил намешавад, дар панҷ холат 6200 сомониро гирифта, ба манфиати худ сарф кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Ожонсӣ афзуд, ки алайҳи Баротов Маҳмадсолӣ барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.