ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, сафорати Тоҷикистон дар Фаронса бахшида ба Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳамкорӣ бо рассоми маъруфи тоҷик Қодир Раҳимов дар Париж намоишгоҳи тасвирҳоро ташкил намуд.
Манбаъ мегӯяд, 4 октябр маросими ифтитоҳи намоишгоҳи номбурда дар Galerie MONOD дар Париж бо иштироки арбобони санъати тасвирӣ аз Фаронса, Русия ва Эрон баргузор шуд.
“Дар ҷараёни чорабинӣ ташрифовардагон имкон доранд бо расмҳои дорои унсурҳои омехтаи милливу аврупоӣ ошно гарданд”, - иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷӣ.
Манбаъ изҳор доштааст, ки намоишгоҳ то 13 октябри соли 2018 давом хоҳад кард.