Ожонси зидди фасод: мансабдори Ожонси нафақа қаллобӣ кардааст

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти мансабдори Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар бо иттиҳоми қаллобӣ хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ Шарифхон Мадалиев,  сардори шуъбаи Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллар пора аз як корафтода дастгир шудааст.

Боздошти сармеъмор Убайдуллозода ҳангоми порагирӣ

Ожонси зидди фасод мегӯяд, Мадалиев ин маблағро аз Панҷӣ Тилабов барои ҷудо намудани 0,10 га замини наздиҳавлигӣ талаб карда, гирифтааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ  Мадалиев Шарифхон ҳангоми аз шаҳрванд Тилабов Панҷӣ гирифтани  2000 доллар дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ мусодира шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки феълан алайҳи боздоштшуда бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.