Раҳмон чатрдорӣ кард: истиқболи расмии президенти Ҳинд дар ҳавои боронӣ (АКС)

Имрӯз, 8 октябр, дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқболи раисиҷумҳури Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, зери парчамҳои ду давлат горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд.

“Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод. Сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки маросими истиқболи расмӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии кишварҳо ва гузашти низомии сарбозон анҷом ёфт.