ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноату энергетикаро барои авбошӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ додааст ТоҷикТА.
Додгоҳ Диловар Гулов ва 4 шарикашро дар авбошӣ гунаҳкор донистааст.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Диловар Гулов бо итиҳоми авбошӣ бо силоҳ ё ашёе, ки ба сифати силоҳ истифода шудааст, айб эълон кардааст.
Тавре расонаҳои Тоҷикистон аз қавли додситонии Душанбе иттилоъ доданд, парванда бар асоси моддаи 237 оғоз гардида ва дар доираи ин қазия 4 шарики дигари Гулов, аз ҷумла ду варзишкор ба ҳабс гирифта шудаанд.
Боздошти писари собиқ вазири энергетика ва саноат, шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Писари Шералӣ Гул бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.