Рам Натҳ Ковинд, раисҷумҳури Ҳиндустон ба Душанбе омад

Рам Натҳ Ковинд, раисҷумҳури Ҳиндустон дар доираи сафари расмии серӯзааш ба Тоҷикистон бо мақомоти балндпояи кишвар мулоқот хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.  Имрӯз, 7 октябри соли равон сафари расмии Рам Натҳ Ковинд, раисҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Ҳиндустонро муовини нахуствазири Тоҷикистон Муҳмадтоир Зокирзода ва дигар намояндагони ҳукумати кишвар пешвоз гирифтанд.

Дар доираи сафари расмии Рам Натҳ Ковинд, раисҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон мақомоти ду кшивар дар сатҳи олӣ мулоқот анҷом хоҳанд дод.

Раисҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон меояд

Ёдрас мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд,ки зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рам Натҳ Ковинд масъалаи пурзургардонии асосҳои ҳуқуқи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои палатаи савдои Тоҷикистон ба муносибати сафари Рам Натх Ковинд намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар арзёбӣ шудааст.