Ҳалокати Муродхӯҷа ва Муҳаммад дар пайи чаппашавии мошин дар шимоли Тоҷикистон

Муродхӯҷа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Далёни-болои Деваштиҷ аз ӯҳдаи идораи худрав набаромада, онро чаппа кардааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Чаппашавии мошин дар ноҳияи Деваштиҷи вилояти Суғд 2 кушта ба ҷой гузошт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 5 октябр дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Далёни-болои ноҳия рух додааст.

"Тахминан соатҳои 11:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Умархуҷаев Муродхуҷа Ҷумъаназарович, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Далёни-болои ноҳияи Деваштиҷ ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Далёни-боло аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, чаппа шудаааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа, ронанда - Муродхӯҷа Умархӯҷаеви 28-сола ва мусофири мошин Муҳаммад Азимови 33-сола ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВУД меафзояд, тафтишоти ҳодиса идома дорад.