Кордкашии хонандагони синфи 11 дар Душанбе

Падари як толибилми мактаб ба милиса шикоят кардааст, ки писарашро Дилшод ном ҷавон корд задааст. Кормандони милиса ҷавони 17-солаеро ба иттиҳоми авбошӣ дастгир кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Як толибилми мактаби шаҳри Душанбе ба иттиҳоми бо корд захмӣ намудани  хонандаи дигари мактаб дастгир шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВУД ҶТ хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми октябри соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, “Дилшод” ном шахс аз ҳиссиёти авбошӣ бо писари ноболиғи 17-солааш, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба рони чапи пояш задааст. 

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, бо гумони авбошӣ дастгир карда шуда, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад", - тавзеҳ медиҳад ВУД.