Фирор кард: боздошти Соҳибназар бо норинҷаку корд дар "Мерседес"-и сиёҳшиша дар Хоруғ

Соҳибназар, ки ғайриқонунӣ мошини сиёҳшишаеро идора мекардааст, ба кормандони БДА итоат накарда, фирор намудааст. Вақти боздошти ӯ маълум шудааст, ки ҷавон дар мошин норинҷак ва ду корд мебурдааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тавре  хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Раёсати ВУД дар ВМКБ хабар медиҳад, имрӯз, 6 октябр дар шаҳри Хоруғ ҷавоне дастгир шудааст, ки бидуни иҷоза мошини сиёҳшишаеро идора намуда, бо худ норинҷаку корд мебурдааст.

"Дар доираи андешидани тадбирҳои амниятӣ, ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хоруғ рӯзи 06-уми октябри соли 2018, тахминан соати 10:30 дақиқа дар дидбонгоҳи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсат автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", рақами давлатиаш "ТҶ 8808ВВ04" манъ карда шуд", - менависад манбаъ.

Бино бар иттилои ВУД автомашинаи  ба шаҳрванд Имомназаров Соҳибназар Султонназарович, санаи тавалллудаш 08.03.1993, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Гагарин, хонаи №24 тааллуқ доштааст.

"Номбурда автомашинаи сиёҳшишаро бидуни иҷозат ва ғайриқонунӣ идора намуда, ҳамзамон ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ итоат накарда, дар баробари ин барои аз ҷои ҳодиса фирор кардан ба кормандони милитсия муқобилият нишон додааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Зимни азназаргузаронии "Мерседес"-и  Соҳибназар ч аз дохили он 1 адад норинҷаки навъи "Ф-1" ва 2 адад корд ёфт шудааст.

Нисбати номбурда дар доираи талаботи Кодекси ҷиноятии ҶТ чораҳои қонунӣ андешида мешавад, таъкид мекунад ВУД.

Ёдрас мешавем, чанд ҳафтаи ахир, баъди интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ дар Хорӯғ, дар шаҳр назорати риояи қонун ҳангоми ҳаракат дар роҳ, сиёҳ кардани шишаҳои мошин ва идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ пурзӯр карда шудааст.

Чунончӣ пештар хабар дода шуд, ки дар натиҷаи рейди мақомот дар вилоят дар даҳ рӯз 424 қонуншиканӣ дар роҳ ошкор шуда, 37 ронанда муҷозот шуданд.