ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, бархӯрди мусофирбари хурди “Ford Transit” ва автобуси ЛиАЗ 5 октябр дар ҳудуди ноҳияи Калинини вилояти Твер рух дода, 13 куштаю чор маҷруҳ барҷой гузоштааст.
“Аз 14 нафар, ки дар мусофирбари хурд аз Твер сӯи Старитса ҳаракат доштаанд, 13 нафар ҷон додаанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
РИА Новости аз қавли манобеяш навиштааст, дар автобус танҳо ронанда осеб дидааст.
Дар навор аз ҷои ҳодиса осори шиддати сахти бархӯрд ва мошинҳои тахрибшуда дида мешавад. Бар асоси фарзияи пешакӣ садама бо айби ронандаи мусофирбари хурд, ки ба муқобили автобус баромадааст, рух додааст.