Ба хотири солимии аҳолӣ: устоҳои хатнагари Хатлон аз касби худ даст мекашанд

Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти роҳбарияти Сарраёсат бо устоҳои халқии хатнагар сурат гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Намояндагони вазорати тандурустии Тоҷикистон зимни мулоқот бо устоҳои халқии хатнагар дар вилояти Хатлон онҳоро хабардор карданд, ки аз якуми январи соли 2019 гузаронидани маросими хатна аз тарафи устоҳои халқӣ манъ карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ.

Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар вилояти Хатлон зимни суханрониаш таъкид намудааст, ки мақсад аз манъ кардани гузаронидани хатна аз тарафи устоҳои халқӣ, ин пеш аз ҳама барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла гепатит ва бемории норасоии масъунияти бадан равона шудааст. 

"Кома"-и кӯдаки тоҷик баъди хатна дар хона

Дар мулоқоти мазкур беш аз 20 нафар устоҳои халқии хатнагар иштирок доштанд.

Ҳамчунин вай гуфт, ҳангоми гузаронидани хатна дар беморхонаҳо табибон имкон доранд чандин беморие, ки аксаран пушида мемонанд ва ба ояндаи писарбача таъсири манфии худро мерасонанд, ошкор карда мешавад ва ба табобат фаро гирифта хоҳад шуд.

Дар навбати худ устоҳои халқӣ  афзуданд, ки ба хотири солимии аҳолӣ минбаъд фаъолияти худро қатъ намуда ҳамчунин байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ хоҳанд бурд.

Абдулқодирзода дар ҷамъбасти гуфт, ки имрӯз ҳукумати кишвар дар тамоми беморхонаҳои марказию минтақави ҳуҷраҳои хатна ташкил намудааст. Ва ин хизматрасонӣ то 22 рӯза шудани писарбачаҳо ройгонаст.