ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои обуҳавошиносон дар ВМКБ ҳавои абрноку борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 3 ҳазор метр боридани барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона +21 +26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -0-5 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба +8 +13 ва рӯзона ба +27+32 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +9+11 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.