Нахуствазири Чин ба Душанбе меравад

Нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чин Ли Кэтсян аз 11 то 12 октябр дар нишасти Шӯрои ҳайъати вазирони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Нахуствазири Чин Ли Кэтсян 11-12 октябр барои ширкат дар нишасти Шӯрои сарони Ҳукуматҳои узви СҲШ ба Душанбе сафар мекунад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, нахуствазир баъди сафар ба Тоҷикистон ба Нидерландия  сафар карда, сипас дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои  "Осиё-Аврупо", ки дар Брюссел баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 17-ум нишасти Шӯрои Ҳукуматҳои узви СҲШ 11-12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 Мувофиқи барнома дар кори шӯро масоили рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳо дар ҳошияи СҲШ баррасӣ мешаванд.

Роҳбарони ҳайъатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин амалисозии барномаҳои бисёрҷанбаи тиҷориву иқтисодӣ, кори соҳибкории шӯро ва иттиҳодияи байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Афзун бар ин, роҳбарони Ҳукуматҳо як қатор қарорҳои марбут дар бораи ҷанбаҳои гуногуни кори ташкилот, аз ҷумла буҷаи ташкилотро барои соли 2019 тасдиқ мекунанд. Сипас шӯрои сарони Ҳукуматҳо дар ҳайъати васеъ баргузор мешавад, ки дар он кишварҳои нозир ва ҳамкорони СҲШ ширкат мекунанд.