ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4 октябр бо роҳбари Оҷонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Синичи Китаока мулоқот кард, хабар медиҳад дафари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
"Ҷопон яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва мо ба рушду тавсеаи равобити ҳамкорӣ бо он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем", - изҳор доштааст раисҷумҳур.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, мутобиқсозии стратегияҳои дуҷониба барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногун, бахусус се самти асосӣ — расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон табодули андеша карданд.
Дар доираи муносиботи дуҷониба рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои махсус, ҷалби сармояи японӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсиси Фонди сармоягузории Япония ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок муҳим арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории барои ҷонибҳо судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд, афзудааст манбаъ.