Туркманистон роҳи мошинҳои самти Тоҷикистонро кушод

Туркманистон ниҳоят ба мошинҳои боркаши равонаи Тоҷикистон иҷозаи убур аз қаламрави худ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Мошинҳои боркаши самти Тоҷикистон, ки дар марзи Туркманистон дармонда буданд, ниҳояти иҷозати мақомоти ин кишвар барои убур аз қаламрави онро дарёфт кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Эътирози Ашқобод алайҳи изҳороти сафири Тоҷикистон дар Тошканд

“Мошинҳои боркаше, ки дар марзи Туркманистон бо молу колояшон банд шуда буданд иҷозаи идома додани роҳро пайдо карданд”, - гуфтааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки мошинҳои борбари ширкатҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон аз моҳи август инҷониб мунтазири дарёфти муҷаввиз барои ҳаракат дар қаламрави Туркманистон буданд. Ронандагон гуфта буданд, ки сабаби ин гуна рафтори ҷониби Туркманистонро намедонанд.

Қаблан Ишқобод сабаби нигоҳ доштани мошинҳои боркаши самти Тоҷикистонро дар марзаш ба далоили амниятӣ рабт дода буд.