Раҳмон дар Хиросима аз қурбониёни бомбаи ҳастаӣ ёд кард ва ба масъулин тӯҳфа дод

Раисҷумҳур дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузошт ва дар китоби меҳмонони фахрии осорхонаи шаҳр соядаст монда, ба масъулин тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳадя кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷопон аз шаҳри Хиросима дидан кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Хиросима яке аз шаҳрҳои муосири Ҷопон дар ҷазираи Хонсю ҷойгир аст. 6 августи соли 1945 дар рӯзҳои анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъди партофтани бомбаи атомӣ шаҳр пурра хароб гардид. Барои гиромидошти қурбониёни ин шаҳр ва ба хотири фоҷеаи пурдаҳшат дар ин ҷо “Боғи ёдбуди сулҳ” бунёд гардид.

Бино бар иттилои манбаъ,  Эмомалӣ Раҳмон "бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар "Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузошт".

"Раисҷумҳур баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷеа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард", - афзудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайъати расмии кишвар  2 октябр бо сафари расмӣ вориди Ҷопон шуд.