Раисониҷумҳури Ҳиндустону Тоҷикистон дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

Рам Натҳ Ковинд, раисҷумҳури Ҳиндустон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи пурзур кардани асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Ҳиндустон Рам Натх Ковинд, аз 7 то 9 октябри соли равон ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад, хабар додааст дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рам Натҳ Ковинд масъалаи пурзургардонии асосҳои ҳуқуқи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ хоҳанд шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи палатаи савдои Тоҷикистон ба муносибати сафари Рам Натх Ковинд намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар арзёбӣ шудааст.